Машқи сўхторнишонӣ дар боғча
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо мақсади санҷиши омодагии боғчаи бачагонаи №32 дар ҳолати сар задани сўхтор ва иҷрои вазифаҳои касбии дастаи сўхторнишонӣ имрўз дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» машқҳои сўхторнишонӣ гузаронида шуданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии ФБД Маҳмадюсуф Шодиев иттилоъ дод, аз рӯи сенария дар боғчаи бачагонаи фурудгоҳ, ки дар қисми аҳолинишини шаҳр воқеъ аст, сӯхтори эҳтимолӣ ба амал омад. Мудири боғчаи бачагона Зарина Иброҳимова ба дастаи сўхторнишонӣ хабар дод. Ҳайати сўхторнишонӣ дар вақти муайян расида омад. То омадани сўхторнишонон кормандони боғча қисми кўдаконро аллакай бо зинапояи эҳтиётӣ берун карданд, қисми дигари кўдаконро сўхторнишонон наҷот доданд. Сардори хадамоти ҷустуҷўӣ садамавию наҷотдиҳии таъминоти парвозҳои «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Иброҳим Ҷобиров, ки ташкил ва гузаронидани машқи мазкурро ба зимма дошт, гуфт: «Машқи навбатӣ бо мақсади муайян кардани омодагии боғчаи бачагон ва ҳам омодагии дастаи сӯхторнишонӣ гузаронида шуд. Меъёрҳои муайяншуда риоя гардид ва хушбахтона, касе осеб надид, кормандони боғча ва дастаи сўхторнишонон маҳорати хуби касбӣ нишон доданд».








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






