Машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Исроил
Душанбе, 27 феврал (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров) .- 27 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе машваратҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил баргузор гардиданд. Ҳайати ҷониби тоҷикистониро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Низомиддин Зоҳидов ва ҳайати ҷониби исроилиро муовини директори генералии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Анна Азарӣ роҳбарӣ намуданд. Зимни машваратҳои дуҷониба мавзуъҳои муҳими дорои эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи мушкилиҳои ҷаҳонӣ ва минтақаи ИДМ, вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуданд. Машваратҳои дуҷониба бо имзои Ёддошти тафоҳум оид ба баргузор намудани машваратҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расиданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






