Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва ИМА
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар»). – 21 феврал дар шаҳри Душанбе машварати ҳарсолаи сиёсии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.Дар машварат ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳайати расмии ИМА- ро ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк ба ӯҳда доштанд. Дар ҷараёни гуфтушунид масоили ҳамкории дуҷониба, рушди иқтисод ва тиҷорат, таъмини вазъияти мусоиди сармоягузорӣ, вазъи ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии васоити ахбори омма, дин ва диндорӣ, амнияти сарҳадот, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Ҳамчунин масъалаҳои густариши инфрасохтори роҳу сарҳадот, татбиқи лоиҳаҳои марбут ба роҳи оҳан, ҳамчунин масоили об ва бахши экология баррасӣ шуданд.Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки рушди муносибатҳои дарозмуддату дӯстонаи байни Тоҷикистон ва ИМА ҷавобгӯи манофеи ҳар ду давлат буда ва ба таҳкими сулҳи минтақа мусоидат мекунад.Ҳамрохон Зарифӣ натиҷаи машваратҳоро ҷамъбаст карда, аз натиҷаи гуфтушунид изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки муколамаи дуҷониба имкон медиҳад, ки мавқею диди вазъи муносибатҳои дуҷониба баён намуда, роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ муайян карда шаванд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






