Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат

Февраль 11, 2013 12:25

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра масъулон аз Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд.Дар машварат масоили созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии муҳити зист ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориши шахсони масъулро доир ба мавзӯъҳои машварат шунида, дар назди роҳбарони сохторҳои масъул барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, шинондани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, бунёди боғу токзори нав, барқарорсозии боғоти кӯҳна, вусъат додани корҳои созандагӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.Аз роҳбарони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ новобаста аз шакли моликият, соҳибкорон ва дигар шахсиятҳои саховатпеша даъват карда шуд, ки ба манзури риоят аз анъанаҳои таҷлили ҷашну идҳои пурифтихор дар арафа ва рӯзҳои Наврӯзи хуҷастапай – иди байналмилалии Наврӯз ба ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дасти кумак дароз намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 11, 2013 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд