Машварати минтақавии Ҳамрохон Зарифӣ бо сафирони Тоҷикистон

Февраль 14, 2013 14:46

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар»). — 12 феврал вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо ва назди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо машварати корӣ доир намуд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи машварат ҳисоботи муфассали намояндагиҳои дипломатӣ дар соли 2012 – ро шунид. Сипас Ҳамрохон Зарифӣ вазифаҳои мушаххаси фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон барои соли 2013 – ро хотирнишон сохт.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 14, 2013 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш