Машварати намояндагони маъмуриятҳои роҳи оҳани ИДМ

Февраль 27, 2013 11:30

Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – 26 феврал дар шаҳри Душанбе машварати намояндагони ваколатдори маъмуриятҳои роҳи оҳани давлатҳои аъзои Иттиҳод, Гурҷистон ва кишварҳои Балтия ҷиҳати тартиб додани нақшаи ба низом даровардани ҳаракати қатораҳои боркаш барои солҳои 2013 – 2014 оғоз ёфт.Иштирокдорони машварат тартиби ба бунгоҳҳои байнидавлатӣ равон кардани қатораҳоро муайян намуда, дурнамои низоми ҳаракати қатораҳо дар роҳҳои байналмилалиро тартиб медиҳанд.

Февраль 27, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш