Маъюбон ба кишвар 2 медали тилло оварданд
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», С. Солеҳ).- Аз Кумитаи миллии олимпӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чаҳор нафар варзишгари мактаби маъюбони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи махсуси зимистонаи маъюбон, ки дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, ҳимоя карданд ва соҳиби ду медали тилло ва ду медали нуқра шуданд. Варзишгари тоҷик Файзидин Тӯраев оид ба намуди лижаронии кросси классикӣ дар масофаи 500 метр мақоми аввалро соҳиб гардида, медали тиллоро соҳиб шуд. Ҳусейн Хоҷаев масофаи 100 метрро аввалин шуда тай кард ва дуюмин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба даст овард. Фарида Назарова ва Анастасия Пинкова дар рақобатҳо миёни бонувон соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур бо роҳбарии Дилбар Каримова ва Зайниддин Давлатов сафарбар гардид. Олимпиадаи махсуси маъюбон то 6 феврал идома мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






