Медали ҷашнии Вазорати мудофиа ба Вазири корҳои дохилӣ

Февраль 22, 2013 11:48

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Имрӯзҳо дар саросари мамлакат тантанаҳои таҷлили 20-умин солгарди Артиши миллии ҷумҳурӣ дар рӯҳияи фараҳмандиву нишот идома дошта, ҷашну маросимҳои театркунонидашудаи наврасону ҷавонон дар тамоми мактабу муассисаҳои таълимӣ ва дар қисмҳои ҳарбиву низомии ҳамаи сохторҳои қудратии мамлакат ба роҳ монда шудааст.Лозим ба ёдоварист, ки бахшида ба Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бисёре аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои баланди генералӣ сарфароз гардонида шуда буданд. Дар радифи тантанаҳои ҷашнӣ субҳи имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев барои хизматҳои шоистааш дар таҳкими суботу оромӣ дар кишвар бо медали ҷашнии «20-умин солгарди Артиши Миллӣ» сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД хабар доданд.

Февраль 22, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд