«Миша» таҳти ҷустуҷўи мақомоти амният

Февраль 14, 2013 18:39

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни коркарди маълумоти фаврӣ кормандони мақомоти амнияти миллӣ муайян карданд, ки гуруҳи шаҳрвандон тибқи маслиҳати пешакӣ ният доранд маводи мухаддирро дар ҳаҷми махсусан калон аз минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон ба шаҳри Душанбе интиқол диҳанд. Бо мақсади барбод додани нақшаи қочоқчиён, дар ҳудуди кўчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе амалиёт гузаронида шуд. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз дохили автомошинаи сабукрави тамғаи “Максима-Ниссан” 3 адад борхалтаро бо 52 килограмму 80 грам маводи нашъадори гашиш дарёфт ва мусодира намуданд. Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванд Қурбонов Маҳмудҷон Акрамович, тахаллусаш «Миша», соли таваллудаш 1980, истиқоматкунанди деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шўрообод, соли 2005 тибқи моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардида, соли 2011 пеш аз муҳлат ба озодӣ баромадааст, таҳти ҷустуҷўи мақомоти КДАМ ҶТ қарор дорад. 3-юми феврал дар ҳудуди деҳаи Бобо Носиров, ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шурообод ҳангоми кўшиши интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон, автомошинаи сабукрави тамғаи ДЕУ-Сиело таҳти идораи шаҳрванд Шоев Амриддин Исломович, соли таваллудаш 1984, зодаи ҷамоати Саричашмаи ҳамин ноҳия, истиқоматкунандаи кўчаи Маяковскии шаҳри Душанбе боздошт гардид.Зимни азназаргузаронии бордони нақлиёти сабукрав 3 борхалта бо 63 килограмму 40 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардиданд. Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур, дар қатори Шоев Амриддин Исломович, инчунин шаҳрвандон Қурбонов Бозор Ҷонхонович, соли таваллудаш 1961, сардори хоҷагии деҳқонии “Аловиддин”, сокини ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шурообод ва Исмоилов Ғуфрон Мирёқубович, соли таваллудаш 1980, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дастгир карда шуданд. Амалиёти дигарро рўзи 9-уми феврал кормандони Гуруҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои Сарҳадӣ дар ҳудуди ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор анҷом дода, кўшиши убури ғайриқонунии сарҳади давлатиро аз ҷониби қочоқчиён таҳти сарварии Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Кагнии улусволии Дарқади вилояти Тахор ва Мадисо валади Бозорбалуч, тақрибан 45-сола, сокини деҳаи Пишкоки ҳамин улусволӣ пешгирӣ карданд. Ҳангоми задухўрди мусаллаҳона як марзшикан захмӣ гардида, қочоқчиён ба самти Афғонистон фирор намуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 борхалта бо 16 килограмм бангдона ва 5 килограмму 400 грамм афюн дарёфт ва мусодира карда шуданд. Ҳамин тавр, дар ҷараёни 3 амалиёт кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва марзбонон аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 136 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд.Айни замон нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ иттилоъ доданд.

Февраль 14, 2013 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад