МОИ сафи бекоронро коҳиш медиҳанд
Душанбе, 1 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар соли 2012 дар минтақаҳои озоди иқтисодии /МОИ/ кишвар 32 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 20 субъекташ ба МОИ «Суғд», 7 субъект ба МОИ «Панҷ» ва 5 субъекти дигар ба МОИ «Данғара» рост меояд. Баробари ба фаъолият шуруъ намудани бархе аз ин субъектҳо 300 ҷои корӣ муҳайё гардид. Дар маҷмуъ дар асоси нақшаи тиҷоратии субъектҳои ба қайд гирифташуда дар МОИ-и мазкур ташкили 1600 ҷои нави корӣ пешбинӣ гардидааст. Мавриди зикр аст, ки аз субъектҳои ба қайд гирифташуда, 9 ширкат ба истеҳсол ва содироти рангҳои консентратӣ, куттиҳои пластикӣ ва сатилчаҳо барои бастубанди рангҳои истеҳсолнамуда, истеҳсоли қубурҳои паластикӣ ва ноқилҳои барқӣ, насосҳои чоҳӣ, маҳсулоти пластикӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди чӯб фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Дар Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ-«Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» таъсис дода шудааст, ки аз байни онҳо минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолияти густурда дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷалби сармоя, таҳкими фаъолият ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Ин аст, ки соли 2012 дар Душанбе ҷаласаҳои 5 ва 6-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз марбут ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Хуҷанд анҷуманҳои байналмилалии иқтисодӣ дар мавзуъҳои « Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди вилояти Хатлон» ва «Нерӯи сармоягузории вилояти Суғд» баргузор гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






