Муҳокимаи индекси ошкории буҷа
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар шаҳри Душанбе натиҷаи таҳқиқи «Индекси ошкории буҷа» мавриди муҳокима қарор гирифт. Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи Созмони байналмилалии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва бо маблағғузории Созмони «Ҳамкории байналмилалии буҷавӣ» роҳандозӣ шуд. Муовини вазири молияи Тоҷикистон Шафқат Соҳибов зикр намуд, ки тайи 15 соли охир дар амри воқиф намудани аҳолӣ аз маблағҳои давлатӣ кори зиёде анҷом дода шуд. Мувофиқи суханони директори иҷроияи Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» Зӯҳро Ҳалимова, таҳқиқи ошкории буҷа маънои омӯзиши дақиқу муфассал, дастрасии аҳли ҷамъият ба иттилооти буҷавӣ ва имконияти иштироки шаҳрвандон дар истифодаи буҷаро дорад. Аз рӯи натиҷаи баррасии мавзӯи мазкур лоиҳаи қатънома перомуни чорабиниҳои минбаъда тарҳрезӣ шуд, ки мақсад аз он татбиқи тавсияҳои Ҳамкории байналмилалии буҷавӣ ҷиҳати беҳдошти индекси ошкории буҷаи Тоҷикистон мебошад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






