Муҳокимаи масоили рушди нерӯгоҳҳои хурд

Февраль 28, 2013 13:15

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар»). – Бо дастгирии Раёсати Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо 27 феврал дар шаҳри Душанбе семинари якрӯза аз рӯи масъалаи рушди нерӯгоҳҳои хурди барқии Тоҷикистон баргузор гардид. Семинар зимни ҳамкорӣ бо Маркази рушди гидроэнергетикаи хурди Тоҷикистону Норвегия таҳти васояти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.Дар ҷараёни семинар консепсияи нав ҷиҳати беҳдошти вазъи сармоягузорӣ дар бахши нерӯгоҳҳои хурд ироа гардид. Консепсияро аъзои Гурӯҳи байниидоравии корӣ тарҳрезӣ намуда, ҷиҳати арзёбии минбаъда ва қабули он манзури Парлумон кардаанд. Иштирокдорони семинар консепсия, вазъи ҳозира ва имконияти минбаъдаи бахши нерӯгоҳҳои хурд, ҳамчунин натоиҷи лоиҳаҳои ҷориро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар ин бора аз Раёсати Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъ дар Тоҷикистон хабар доданд.

Февраль 28, 2013 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд