Муаррифии ширкати «Ҳомиёни илму технология»

Февраль 25, 2013 13:16

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии ширкати эронии «Ҳомиёни илму технология» баргузор гардид.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Асаналӣ Карамалиев зикр намуд, ки ширкати мазкур соли 2011 узви палата гардид. Фаъолияти асосии ширкат иборат аз истеҳсол ва содироту воридоти пӯлод, арматураи сохтмонӣ ва ашёи хом барои тавлиди он мебошад. Роҳбари ширкати «Ҳомиёни илму технология» Нодири Мутолибзода иброз дошт, ки ҳамкорӣ дар бахши фурӯши арматура ва ашёи хоми он, ҳамчунин истеҳсоли асбобҳои пӯлодин мувофиқи тарҳрезии фармоишдиҳанда вусъат хоҳад ёфт.

Февраль 25, 2013 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд