Мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи тандурустӣ
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Оид ба масъалаҳои марбут ба коррупсия дар соҳаи тандурустӣ, ҳамзамон омилҳои заминагузорандаи коррупсия ва роҳҳои бартараф намудани онҳо дирӯз дар Маркази миллии тиббӣ вохӯрии кормандони соҳаи тандурустӣ бо кормандони Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ таҳлили муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ, ки зимни фаъолияти кормандони соҳа рӯи кор омадаанд, инчунин баррасии муҳтавои санадҳои алоқаманди тафтишотии мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба фаъолиятҳои молиявии муассисаҳои тандурустии кишвар доир гардид.Инчунин бо мақсади ташкил ва дар амал ҷорӣ намудани механизмҳои ташкилию ҳуқуқӣ, равонию ахлоқӣ, ки барои пешгирии самараноки фаъолияти коррупсионӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, бо фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2011-2012» тасдиқ гардида, амалӣ карда шуд.Ҷиҳати пайвастагӣ ва пайгирии фаъолият дар ин самт «Барномаи нави соҳавии мубориза бар зидди коррупсия барои солҳои 2013-2015» таҳия гардид, хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






