Мулоқот бо сарбозони шуҷои Ватан

Февраль 6, 2013 17:35

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз мулоқоти муовини аввали раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Кабирҷон Ҷӯраев ва масъули бахши ватанпарастии кумита бо сарбозони Бригадаи посбоникунандаи рақами 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия сурат гирифт. Кабирҷон Ҷӯраев тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дода, масъулин пайваста пайи таҳкими он талош мекунанд ва боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳазорҳо ҷавонписарони точикистонӣ адои хизмат намуда ва дарси шуҷоату мардонагӣ касб мекунанд. К.Ҷӯраев аз сарбозон даъват ба амал овард, ки анъанаҳои беҳтарини ҳарбии ниёгонро сармашки кори худ қарор дода, дар ҳифзи содиқонаи марзу буми кишвар бо чусту чолокӣ ва ҷасорату ҳушёрӣ саҳим бошанд.

Февраль 6, 2013 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш