Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо И. Бокова
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар»).- 11 феврали соли 2013 дар ш.Париж вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди судманди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО табодули назар намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ба Мудири кулли ЮНЕСКО паёми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар он Ҳукумати Тоҷикистон ЮНЕСКО-ро ҷиҳати ҳамоҳангсози асосӣ шудан дар созмондиҳии экспедитсияи 3-юми баландкуҳии байналмилалии геофизикии Помир дар солҳои 2013-2018 даъват менамояд, супорид. Экспедитсияи банақшагирифташуда як имконияти нодиреро барои рушди илмҳои пиряхшиносӣ ва иқлимшиносӣ, инчунин арзёбии захираҳои обии Осиёи Марказӣ фароҳам меоварад. Боиси ёдоварист, ки ду экспедитсияи байналмилалӣ ба Помир дар солҳои 1928-1933 ва 1958-1962 ҷараён гирифта буд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон саҳми хонум Боковаро дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои обӣ ва фарҳангӣ махсус тазаккур дод. Дар ин робита Ҳ. Зарифӣ ба ҳамсуҳбати худ пешниҳод намуд, ки таклифҳои ҷумҳурӣ оид ба дохил намудани ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО, аз ҷумла шаҳраки қадимаи Панҷакентро ҳамаҷониба дастгирӣ кунад. Дар навбати худ, мудири кулли ЮНЕСКО фаъолнокии байналмилалӣ ва ташаббусҳои кишварро дар соҳаи об мусбат арзёбӣ карда, аҳамияти Конфронси қарибулвуқуи байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи обро махсус таъкид намуд. Аз номи роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ бори дигар хонум Боковаро ба иштироки фаъол дар Конфронси байналмилалӣ, ки моҳи августи соли 2013 дар ш.Душанбе пешбинӣ шудааст, даъват намуда, ҳамчунин ҷиҳати аз Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал овардан пешниҳод кард. Ҳамрохон Зарифӣ ҳамзамон диққати мусоҳибашро ба мавзӯоти Афғонистон ҷалб намуда, пешниҳод кард, ки ЮНЕСКО дар ҳалли мушкилоти мавҷуда дар кишвари ҳамсоя фаъолона иштирок намояд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






