Мулоқоти ҳайати афсарони Вазорати мудофиа бо афсарони ДТТ
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳои «10-иқдоми «Созандагони Ватан» бахшида ба 20- солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ш. Душанбе ва н.Шоҳмансур 21 феврал дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ мулоқоти донишҷўён бо афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарони кафедраи ҳарбии донишгоҳ баргузор гашт. Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н.Шоҳмансур Б. Боев кулли устодон, донишҷўён ва афсарони кафедраи ҳарбии донишгоҳро бо 20- солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, роҳбари кафедраи ҳарбии донишгоҳ полковник Ф.Б. Нуров барои хизматҳои шоёнаш дар тарбияи ҳарбию ватандўстии донишҷўён дар донишгоҳ бо «Ифтихорнома»-и ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н.Шоҳмансур ва тўби баскетол ва шоҳмот қадрдонӣ кард. Инчунин ба роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои баргузор намудани чунин чорабинӣ миннатдории худро аз номи роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» баён намуд. Пас аз ин байни донишҷўёни донишгоҳ мусобиқаи ба қисмҳо ҷудо намудан ва якҷоя намудани автомати Калашников, гурзбардорӣ, ба саволҳо ҷавоб гуфтан баргузор гашт, ки аз ҷониби ҳайати комиссияи тадорукоти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ дар ш.Душанбе Т. Раупов туҳфаҳо супорида шуд. Дар интиҳои озмун аз ҷониби дастаи ҳаваскорони Донишгоҳ бо барномаи фарҳангӣ хотири афсарон ва иштирокчиён шод гардонида шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






