Мулоқоти Э. Раҳмон бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасановро ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.Таъкид гардид, ки корҳо барои татбиқи амалии санадҳои сершумори дуҷониба, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба имзо расидаанд, бояд ҷоннок карда шавад.Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо татбиқи босамари ин санадҳо муносиботи миёни ду кишвари дӯст ба сатҳи сифатан нав бароварда мешавад.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






