Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Игор Финогенов
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогеновро ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявӣ, аз ҷумла рӯзномаи мизи мудаввари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё баррасӣ шуд.Аз оғози сармоягузории ин бонк ба лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии он аз бонкҳои саҳҳомии кишвар изҳори хушнудӣ карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имконот ва арсаҳои густариши ҳамкорӣ дар оянда хеле зиёд аст.Таъкид гардид, ки Бонки рушди Авруосиё ба сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои судбахш дар соҳаҳои энергетика, пеш аз ҳама гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, сайёҳӣ ва ғайра манфиатдор аст. Ба гуфти Игор Финогенов, барои ин ҳадаф ҷудо намудани 130 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок дар назар аст.Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба рушду густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид доштанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






