Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сароҷ Кумар Ҷа

Февраль 19, 2013 13:21

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат аз ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла дастгирии рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре зикр гардид, тайи чанд соли охир барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 800 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Танҳо дар соли охири молиявӣ, ки аз июли соли 2012 то июли 2013 идома дорад, ҷудо намудани 130 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.Муҳокимаи рафти корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи обии Роғун ва натиҷаҳои вохӯрии машваратии минтақавӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.«Барои мо муҳим аст, ки мавқеи Бонки ҷаҳонӣ ва коршиносони он доир ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун воқеъбинона, мустақил ва шаффоф боқӣ монад», — изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Изҳори боварӣ карда шуд, ки имконсанҷии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом дода мешавад.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба имконсанҷии техникию иқтисодии кашидани хатти баландшиддати барқии минтақавии CASA-1000 ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 19, 2013 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд