Мулоқоти Гул Шералӣ бо Песнанӣ
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Намояндаи доимии нави Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Акбар Алӣ Песнанӣ баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла имконияти таъсиси корхонаҳои дӯзандагӣ барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар маркази шаҳри Хоруғ, сохтмони НБО – ҳои хурд (аз 2,5 то 5 мВт) дар ҷумҳурӣ сохтмони НБО – и Себзор бо иқтидори 10 мВт, лоиҳаи гидроэнергетики нерӯгоҳи барқи обии Санобод мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди энергетикӣ ва ашёи кишоварзӣ буда, ин барои коркарди онҳо дар корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад ва ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот мувофиқи мақсад мебошад. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳо дар ин бахш ба манфиати мутақобилан судманди ҷонибҳо хоҳад буд. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






