Мулоқоти масъулин бо сокинон атрофи чист?
Душанбе, 8 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз 11 феврал то 5 июни соли равон дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт вохӯрию мулоқоти роҳбарону масъулини шаҳри Душанбе бо сокинони пойтахт баргузор мегардад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси шаҳри Душанбе қарор ба тасвиб расонд. Ин тадбир бо мақсади таҳкими робита бо сокинони пойтахт, институтҳои шаҳрвандӣ, густариши раванди бунёдкорию ободонӣ бо иштироки аҳли ҷомеа, субъектҳои соҳибкорию хизматрасонӣ, корхонаю муассиса ва идораҳои дар қаламрави шаҳр фаъолияткунанда андешида шуда, ҳамзамон он ҷиҳати амалисозии нақшаҳои тарҳрезишудаи соли омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе мусоидат менамояд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани вохӯриҳо аз ҷониби шаҳрдорӣ ҷадвали замимагардидаи вохӯриҳо дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт таҳия шудааст. Назорати иҷрои қарори марбута ба зиммаи Фирӯз Ӯлмасов-роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе вогузор шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






