Мулоқоти Н. Салимов бо намояндаи ташкилоти Оғохон
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 14 феврал дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов бо намояндаи ташкилоти Оғохон оид ба рушд Акбар Алӣ Песнанӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд. Намояндагии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон аз соли 1993 фаъолият дорад ва то имрӯз лоиҳаҳои сармоягузории зиёдеро барои баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати кӯмакҳои тиббию беҳдоштӣ ба аҳолии кишвар татбиқ намудааст. Мавриди зикр аст, ки ин барномаи тандурустӣ дар тамоми ноҳияҳои ВМКБ ва чор ноҳияи вилояти Хатлон- Ховалинг, Муъминобод, Шӯрообод ва шаҳри Норак амал мекунад.Дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот 21 муассисаи тандурустии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таъмиру таҷҳиз гардида, 26 духтур, 35 ҳамшираи шафқат ва 4 тренер азнав омӯзонида шуд. Барнома барои ифтитоҳи маркази вилоятии омӯзишию клиникии тибби оилавӣ мусоидат намуд. Дар ин марҳила фаъолияти мазкур дар навоҳии Ховалинг, Муъминобод ва Шӯроободи вилояти Хатлон ба таври густурда роҳандозӣ гардидааст. Дар хатми мулоқот зикр шуд, ки ба наздикӣ татбиқи лоиҳаи нав барои гузаронидани корҳои таъмиру таҷҳизи зиёда аз 70 муассисаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 1,1 млн. доллари ИМА оғоз мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






