Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ

Февраль 25, 2013 10:08

Душанбе, 25 феврал (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Брюссел 21 феврал мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак баргузор гардид. Дар мулоқот сафири Тоҷикистон ва дабири кулли Хартияи энергетикӣ имконияти гузаронидани форуми муштаракро дар шаҳри Брюссел дар нимаи аввали соли 2013 бо мақсади ҷалби сармояи аврупоӣ ба соҳаи энергетикии Тоҷикистон муҳокима намуданд. Р. Солиев ба Урбан Руснак роҷеъ ба «Баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби СММ эълон гардидааст, ахбори муфассал пешниҳод намуд. Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур дипломати тоҷик зарурият ва аҳамияти гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки дар ш. Душанбе моҳи августи соли равон доир мешавад, зикр намуда, роҳбарияти Хартияро ҷиҳати иштирок дар он даъват намуд. Дар навбати худ Урбан Руснак ба ташаббуси Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки яке аз роҳбарони созмони мазкур дар чорабинии номбурда ширкат хоҳад варзид.

Февраль 25, 2013 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад