Мулоқоти Ш.Саид бо Акбар Алӣ Песнан
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 12 феврал мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндаи доимии Созмони рушди Оғохон Акбар Алӣ Песнан баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид аз ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон дар амри мусоидат ба тиҷорат ва дастгирии соҳибкорӣ, ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.Акбар Алӣ Песнан зикр намуд, ки мақсад аз ҳамкории дуҷониба мусоидат ба соҳибкорони тоҷик ҷиҳати дарёфти сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин тарбияи кадрҳо, роҳандозии тренингҳо ва таълими кормандони аъзои палата чӣ дар ҷумҳурӣ ва чи дар хориҷа мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






