Мусобиқаи волейбол бо ширкати сарбозон

Февраль 14, 2013 16:41

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии литсеи ҳарбии Вазорати мудофиа мусобиқаи волейбол бо ширкати сарбозони мақомоти қудратии мамлакат баргузор гардид. Дар чорабинӣ 6 даста, ҳайати дастаҳои Полки комендантии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати ичрои ҷинояти Вазорати адлия, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлати амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Аз 6 дастае, ки дар чорабинӣ ширкат карданд, дастаи қисми ҳарбии 5453-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷойи аввал, Бригадаи посбоникунандаи 6593-и Сарраёсати ичрои ҷинояти Вазорати адлия ҷойи дуввум ва Полки комендантии Вазорати мудофиа ҷойи саввумро сазовор гардиданд. Ғолибони чорабинӣ 21 феврали соли ҷорӣ дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо диплому туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази кумитаи мазкур иттилоъ доданд.

Февраль 14, 2013 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад