Мусодираи зиёда аз 2 кило героин дар пойтахт
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Хушмаҳмад Остонов, соли таваллудаш 1981, сокини кӯчаи Назаршоев, ки пештар бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир шуд. Зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 1-адад селофан, ки дар дохилаш 2 килою 6 грамм маводи нашъадори героин буд, дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






