Мутобиқ сохтани соҳаи маориф ба сатҳи ҷаҳонӣ
Душанбе, 1 феврал.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки дар оянда парлумони мамлакат қонуни нави маорифро қабул намояд. Дар робита ба ин лоиҳаи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ягона масъалае буд, ки дар ҷаласаи Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони палатаи поёнии парлумон имрӯз баррасӣ шуд. Ҷаласа, ки таҳти раёсати Мерганд Шабозов-муовини раиси Маҷлиси намояндагон сурат гирифт, дар он дар баробари вакилони парлумон намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорати маорифи кишвар иштирок доштанд. Марҳабо Ҷабборова –раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони палатаи поёнии Парлумон гуфт, ки маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва имрӯз тақозои замон аст, ки қонуни нави маориф қабул шавад. Зикр шуд, ки ҳадафи таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” таҳкими ислоҳот, рушди соҳаи маориф ва мутобиқ намудани ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






