Намоиш-фурӯши осори рассомони тоҷик дар Лондон
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). – Мусаввараҳои рассомони тоҷик ва минтақаи Осиёи Миёнаву Қафқозро ширкати маъруфи музоядавии «Sotheby’s» дар шаҳри Лондон ба намоиш ва фурӯш мегузорад. Сомонаи расмии ин ширкат иттилоъ додааст, ки намоиш ва фурӯши дастранҷи рассомони минтақаи Осиёи Миёнаву Қафқоз бо номи «Дар чорроҳа» аз 4-ум то 12-уми март дар бинои марказии ин ширкат, дар Ню-Бонд Стрити Лондон баргузор гардида, дар чорабинӣ зиёда аз 50 асари рассомони ин минтақа ба намоиш гузошта мешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи сомонаи мазкур нархи ибтидоии мусаввараҳо дар ин музоядаи байналмилалӣ ҳудуди 3 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






