Нархи маводи сӯхт арзон шуд
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Марказҳои маводи сӯхти пойтахт нархи бензини навъи АИ-92 ва АИ-95 – ро арзон намуданд.Мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, то имрӯз нархи бензини навъи АИ-92-ум 6 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Нархи бензини навъи АИ-95 низ арзон шуда, ҳоло 6 сомонию 80 дирамро ташкил медиҳад. Моҳи январ арзиши 1 литр бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар марказҳои маводи сӯхти кишвар аз 6 сомонию 70 дирам то 7 сомониро ташкил доданд.Мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба маводи сӯхт 1 миллиону 605 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Тоҷикистон маводи сӯхтро асосан аз Русия, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ворид менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






