Нашри аввалин китоби таълимӣ оид ба муҳоҷират
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Муқаддимаи муҳоҷиратшиносӣ»- таҳти чунин ном матбааи АИ ҶТ «Дониш» китоби нави сиёсатшиносони тоҷикро аз чоп баровард.Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муаллифи китоб Моёншо Маҳмадбеков хабар дод, китоби мазкур дар ҳамдастӣ бо номзадҳои илми иқтисодӣ Парвиз Ҳакимов ва Сайалӣ Мирзоев омода шуда, дар он ҳамаи омилҳои муҳоҷират мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд. Ба иттилои муаллиф, дар солҳои охир таваҷҷуҳ нисбат ба дарки назарии масъалаҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон меафзояд ва баррасии ин масъала дар давраи кунунӣ яке аз мавзуъҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. «Муқаддимаи муҳоҷиратшиносӣ» аввалин китоби таълимие мебошад, ки дар он паҳлуҳои мусбату манфии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, сабабҳои муҳоҷират, шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ, методи баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, сиёсати давлатии ҶТ дар бораи муҳоҷират, асосҳои қонунии раванди муҳоҷират ва дигар мавзуъҳои вобаста ба муҳоҷират инъикос гардидаанд.«Муайян намудани таъсири муҳоҷират, моҳият ва хусусиятҳои асосии он, қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва муайянкунандаи рафтори муҳоҷирони корӣ, масъалаҳои асосие ба ҳисоб мераванд, ки бояд омӯхта шаванд», афзуд М. Маҳмадбеков ва илова намуд, ки китоби мазкур дар баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, кормандони давлатӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷират сарукор доранд ва он шаҳрвандоне, ки ба хориҷа барои кор мераванд, аҳамияти хосса дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






