Натиҷаҳои конфронси АПСҲИ

Февраль 12, 2013 17:04

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Исломобод имрӯз конфронси якуми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ /СҲИ/, ки муддати ду рӯз идома дошт, анҷом ёфт. Рўзномаи конфронс, ки фарогири масъалаи «Нақши парламентҳо дар дастгирии савдо ва сармоягузории дохили минтақавӣ ҷиҳати кафолати рушди устувор ва иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ» буд, тасдиқ шуд. Конфронс, ки таҳти раёсати Фаҳмида Мирзо, раиси Ассамблеяи миллии Покистон доир гардид, дар он ҳамзамон раисони парлумонҳои Тоҷикистон, Туркия, Эрон ва муовини раиси парлумони Афғонистон доир ба ҳадаф ва нақшаҳои ояндаи конфронси мазкур ибрози назар намуданд. Аз рӯи масъалаи баррасишуда миёни намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои СҲС ва дигар иштирокдорони конфронс муҳокимарониҳои судманд сурат гирифт ва вобаста ба масъалаи муҳокимашуда қарори дахлдор қабул гардид.Бояд гуфт, ки баргузории Конфронси мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон омили муҳим ҷиҳати густариши муносиботи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои аъзо маҳсуб мешавад. Намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои СҲИ дар фарҷоми кори конфронси якуми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ аз ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Покистон дидан карданд.

Февраль 12, 2013 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд