Наврӯз дар Краснодар низ таҷлил мегардад
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Раёсати созмони фарҳангию миллии тоҷикон (СФМТ)-и кишвари Краснодар ”Меҳри Сомониён” доир ба баргузории ҷашни Наврӯз- 2013 дар кишвари Краснодар ҷаласа баргузор намуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, раиси созмон, ҳамзамон раиси комиссияи тадорукот Бахтиёри Ширин ҳозиринро бо омодагиҳо ба ҷашни ниёгон- Наврӯз ошно намуд. Дар нишаст раиси созмон инчунин муҳоҷирини тоҷикро ба он дигаргуниҳое, ки дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия дар соли 2013 ҷорӣ гардидаанд, шинос намуда, муҳоҷирини тоҷикро ба риояи қонунҳои кишвари қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ даъват кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






