Ниҳолпарварӣ меъёри муайян доард
Кӯлоб, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо мақсади таъмини «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2010 – 2015» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамаи муассисаҳои давлатии ниҳолпарварӣ фаъолияти хешро беҳтар намуда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинонро бо ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишиву сояафкан таъмин менамоянд. Муассисаи давлатии ниҳолпарварии ноҳияи Ҳамадонӣ калонтарин муассисаи ниҳолпарварии минтақаи Кӯлоб мебошад ва фаъолияти кории худро хуб ба роҳ мондааст. Соли ҷорӣ шумораи ниҳолҳо зиёд ва майдони ниҳолхонаҳо афзоиш дода шуд.Технологияи парвариши ниҳол дар нигоҳи аввал оддӣ менамояд, вале дар амал он хеле мушкил аст, зеро ҳар як намуди тухмӣ муҳлату меъёри муайян дорад ва дар ҳолати надонистану риоя накардани он парвариши ниҳол ғайриимкон мегардад. Ҳоло дар саросари кишвар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғҳои наву эҳёи боғҳои куҳна рӯз аз рӯз вусъат мегирад. Ниҳолпарварон барои таъмини боғдорон бо ниҳолҳои хуб ва меваҳояшон содиротӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






