«Нигоҳи нав»- муаррифии истеъдодҳои ҷавон

Февраль 13, 2013 14:48

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Аз 16-ум то 25-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди мадад ва Дафтари ҳамкории Швейтсария ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон бо номи «Нигоҳи нав» баргузор мегардад. Далери Эмомалӣ, яке аз масъулони баргузории ин ҷашнвора дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки мақсади аслии онҳо аз гузаронидани ин чорабинӣ дарёфту ба саҳна баровардани ҷавонони соҳибистеъдод аст ва дар ин озмун саҳнаҳое ба намоиш гузошта мешаванд, ки комилан аз тарафи худи ҷавонон омода шудаанд. Гуфта мешавад, ки беҳтаринҳои ин ҷашнвора ва намоиши беҳтаринро ҳайати ҳакамон бо шумули ҳунармандону коргардонҳои маъруфи кишвар муайян ва онҳоро бо ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ мекунанд.

Февраль 13, 2013 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш