Нозирони тоҷик озими Ереван мешаванд

Февраль 6, 2013 16:34

Душанбе, 6 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар Арманистон мушоҳида менамоянд.  Абдуманнон Додоев-роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» итилоъ дод, ки нозирони тоҷик- Саидбой Зокиров –муовини раиси КМИР ва Нурулло Маҳмадуллоев- аъзои КМИР 16 феврал озими Ереван гардида, дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни баргузории чорабинии муҳими сиёсии Арманистон-интихоботи президентиро мушоҳида мекунанд. Ҳамзамон Саиди Ёқубзод- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология ҳам ба Арманистон ба ҳайси нозир сафар мекунад. Мавсуф ба ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил аст. Интихоботи президентӣ дар Арманистон 18 феврал баргузор гардида, дар он 8 номзад ҷиҳати ноил гардидан ба мансаби Президенти Арманистон рақобат менамоянд.

Февраль 6, 2013 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад