Оғози озмуни ҷоизаҳои Айниву Турсунзода барои адибон
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода озмун эълон мекунад.Абдулҳамиди Самад, муовини аввали раиси ИН ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин ҷоизаҳо ба адибоне супорида мешаванд, ки дар давоми ду соли охир дар назму наср дастовардҳои назаррасро соҳиб шудаанд. Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода соли 1988 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибони кишвар тақдим мегарданд ва маблағи он ҳудуди 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки соҳибони ҷоизаҳо дар охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ эълон ва ҷоизаҳо дар як маросими мутантан ба онҳо супорида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






