Оғози паради ҳарбӣ дар Душанбе

Февраль 23, 2013 10:31

Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Ба муносибати таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин лаҳзаҳо дар майдонии «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбӣ ҷараён дорад. Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми декабри соли 2012 инҷониб бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони ҳарбии Душанбе дар яке аз гӯшаҳои пойтахт омодагӣ ба паради ҳарбӣ ҷараён дошт.Омодагӣ ба паради ҳарбӣ таҳти роҳбарии Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори гарнизони ҳарбии Душанбе, генерал-майор Латиф Файзиев ҷараён гирифта, дар он ҳайати шахсии навъҳои Қӯшуни Қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, қисму воҳидҳои низомии алоҳидаи тобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмуъ шумораи умумии онҳоро қариб даҳ ҳазор нафар ташкил медиҳанд, ширкат доранд.

Февраль 23, 2013 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд