Омодагиҳо ба таҷлили Рўзи Артиши миллӣ
Душанбе, 19 феврал. ( АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 16-уми феврали соли ҷорӣ бо истифода аз мусоидии вазъи ҳаво зиёда аз 200 нафар донишҷўй ва хонандаи мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳашари умумиҷумҳуриявӣ баромаданд. Тавре ки роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон- «Созандагони Ватан» Ҳ.Табаров иброз намуд, иқдоми ташкилоти мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Фирдавсӣ сурат гирифта, ҳадафи чорабиниҳо омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақсади асосӣ — ба ин восита дар қалби ҷавонон меҳри ватандориро ҳар чӣ бештар бедор намудан аст. Чунин иқдом охири кор набуда, масъулин иброз доштанд, ки ба муносибати ҷашнҳои дигар, аз ҷумла Иди байналмилалии Наврўз маъракаи ниҳолшинонӣ ва покиза нигоҳ доштани атрофи маҳалҳо ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






