Ордени «Зарринтоҷ» ба роҳбари ВКД

Февраль 20, 2013 15:19

Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бахшида ба ҷашни 20-солагии «Артиши миллӣ» ва барои иҷрои софдилонаи вазифаи хизматии худ, ноил шудан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо ордени «Зарринтоҷ» сарфароз гардонида шуд.Инчунин муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Абдураҳмон Бузмаков, сардори Раёсати Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Шодибек Раҷабов бо рутбаи генерал-майори милитсия ва фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ Неъматулло Қурбонов бо рутбаи генерал-майор сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои хизмати содиқона бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ шуданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд.

Февраль 20, 2013 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд