Озмун барои рӯзноманигорон
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи ЮСАИД “Тандурустии босифат», ки аз ҷониби намояндагии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ маблағгузорӣ мешавад, дар соҳаи рўзноманигории ВАО Тоҷикистон барои мақолаи беҳтарин дар нашрияҳо ва сомонаҳои интернетӣ, барномаҳои радио ва телевизион ва роликҳои иҷтимоӣ оид ба бемории сил ва сироятҳои ҳамбастаи БС/ВНМО барои дастгирии «Барномаи Миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» озмун эълон менамояд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, ба озмун бояд маводе, ки аз 10 марти соли 2012 то 10 марти соли 2013 ба табъ расидаанд, ё пахш шудаанд, пешниҳод шаванд. Ғолибонро дар 4 номгўй мукофотҳо интизоранд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






