Озмуни «Кадбонуи ҳунар» дар Ваҳдат
Ваҳдат, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тибқи иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати шаҳри Ваҳдат Фароғат Қурбонова бахшида ба рӯзи модар дар тамоми ҷамоатҳои ҳудуди шаҳр суҳбату вохӯриҳо ҷараён доранд. Инчунин аз ҷониби бонувони ҳунарманд озмуни «Кадбонуи ҳунар» баргузор мегардад. Мақсад аз чунин вохӯриҳо ва ташкили озмун тайёр намудани нобиғаҳои ҳунар дар байни занон, ба зиндагӣ омода намудани духтарони ҷавон, пешгирии хушунати хонаводагӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирӣ ва паҳнкунии фитаҳои ғайриқонунӣ, ки мазмунҳои зидди давлатӣ доранд, аз байн бурдани одатҳои номатлуби худсӯзию худкушӣ дар ҷомеа мебошад.Фароғат Қурбонова афзуд, ки дар озмуни кадбонуи ҳунар занону духтарони ҷамоатҳои шаҳраки Нуъмон Розиқ, Бурунов, А.Абдулвосиев, Карим Исмоилов ва дигарон иштирок намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






