Пешгирии се ҷиноят дар Бадахшон

Февраль 5, 2013 09:21

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 29 январи соли равон кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якҷоя бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳудуди деҳаи Ёмчи ҷамоати Сохчарви ноҳияи Шуғнон амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ гузаронида, дар натиҷа бо қочоқчиён аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки мехостанд сарҳади давлатиро бо мақсади интиқоли маводи мухаддир ғайриқонунӣ убур намоянд, задухўрди мусаллаҳона ба амал омад. Ҳангоми азназагузаронии ҷойи ҳодиса ҷасади яке аз қочоқбарони ашаддӣ, сокини 28 — солаи улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон Анвар валади Мубориз дарёфт гардида, ҳамчунин як автомати Калашников бо тирдонаш, 530 грамм маводи мухаддири сахттаъсири навъи героин, 1 килову 605 грамм ҳашиш мусодира шуд.Тавре ки ба АМИТ Ховар аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ иттилоъ доданд, худи ҳамон рўз боз як амалиёт дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Шидз” амалӣ гардид. Бо гумони қочоқи ғайриқонунии маводи тамоку тавассути сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирамбахшов Карам Хуҷаназарович, Шогунбеков Тилло Бачамардович, Азизмамадов Матлабшо Мамадамонович ва шаҳрванди ҶИА Муродмамад валади Шакармамад боздошт шуданд. Аз номбурдагон ба миқдори 6 ҳазору 500 қуттӣ маводи тамокуи тамғаи “Pine” мусодира гардид. Рўзи 26 январ сокинони деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон Мирзоев Убайдулло Мамадатоевич, Зеваршоев Солеҳ Исломбекович ва Шанбиев Муслим Элназарович марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҶИА ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҷониби сарҳадбонони Афғонистон дастгир шуданд. Тибқи созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистон номбурдагон ба кишвари мо истирдод гардида, ба ихтиёри РКДАМ ҶТ дар ВМКБ супорида шуданд.Бо кадом мақсад ин афрод ғайриқонунӣ ба қаламрави кишвари ҳамсоя гузаштанд, тафтишот муайян хоҳад кард. Дар айни замон аз рўи ҳодисаҳои мазкур аз тарафи РКДАМ ҶТ дар ВМКБ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад. Маврид ба ёдоварист, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ, шаҳрвандон бе иҷозати расмӣ ва ҳуқуқӣ набояд марзи давлатиро убур намоянд. Вале тавре ки мебинем, шахсони алоҳида дар ВМКБ ин талаботи қонунро дағалона вайрон карда, дар баробари кўшишҳои сарҳадшиканӣ, ҳамчунин ба ҷиноятҳои вазнини гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва қочоқи тамоку даст мезананд. Ҷинояткорон бояд фаромўш насозанд, ки марзу буми ҳар як кишвари соҳибихтиёр ба ҳайси нишонаи муҳими давлатдории он эътироф шудааст. Сарҳади давлатии Тоҷикистон ҳамчун сипари устувору боэътимод ба таври доимӣ, қотеъона, беамон муҳофизат шуда, қонуншиканон барои аъмоли худ ҳатман посухи сазовор хоҳанд гирифт.

Февраль 5, 2013 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд