Пешниҳоди Президентро вакилон қабул намуданд
Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд дар Тоҷикистон содирот, воридот, фурӯши яклухту чаканаи маҳсулоти тамоку дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда мешавад. Дар робита ба ин 20 феврал вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат пешниҳоди Президенти ҷумҳуриро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» баррасӣ ва қабул намуданд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонунҳои мазкур таъмину ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар кишвар мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






