Пешрафти давлатҳои ИДМ — ҷавонони ташаббускор
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ «Блиц-Содружества» Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ «Ҷавонони раванди рушд» ва Фонди рушди ҳамкориҳои байналмилалии Федератсияи Россия чорабинии таълимиро дар шаҳри Душанбе аз 21 то 22 феврали соли ҷорӣ баргузор намуд.«Кор бо ҷавонон барои давлатҳои узви ИДМ самти афзалиятнок баҳисоб рафта, ҷиҳати инкишоф ва амалишавии захираҳои нерӯи ҷавонони муосир, ҳавасмандгардонии фаъолнокии онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, омодагиҳо ҷиҳати муоширати муфид байни ҷавонон ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд кушишҳо мешаванд», — қайд намуд муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Кабирҷон Ҷӯраев.Вай афзуд, ки пешрафти давлатҳои ИДМ ва рушди онҳо аз ҷавонони ташаббускор барои раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи насли наврас, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии онҳо вобастагӣ дорад.Раиси Ассотсиасияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ «Ҷавонони раванди рушд» Парвина Нуриддинова иброз дошт, ки мақсади чорабинӣ ин ташкили роҳҳои инкишоф ва рушди ҳамкориҳои босамари ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар амалишавии лоиҳаҳои муштарак ва ташаббус, пайванди ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин густариши дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар муҳити ҷавонон ва шинохти рамзи «Содружества» дар ҳудуди давлатҳои ИДМ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






