Пинҳонгоҳи махфии қочоқчиёни афғон ошкор шуд
Кӯлоб, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Шӯрообод бо мақсади ҳимояи хати сарҳади давлатӣ аз тарафи қисми низомии 2931 –и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ чораҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин муддат аз тарафи сарбозону афсарони қисми низомии мазкур 5 маротиба задухӯрди мусаллаҳона бо силоҳбадастони афғон баргузор гардид, ки дар натиҷа 1 гаравгон озод шуда ва як қочоқбари афғон безарар гардонида шуд. Дар соли 2012 аз қочоқчиёну ҷинояткорон аз тарафи отряди сарҳадии «Шӯрообод» 26 кг 240 г героин, 63,8 кг афюн, 411, 34 кг бангдона, 4 адад яроқи гуногуни оташфишон, 12 тирдон ва 135 адад лавозимоти ҷангӣ мусодира шуда, тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти салоҳиятдор супорида шуданд. Ҳамчунин дар ин муддат ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ 3 пинҳонгоҳи махфии қочоқчиёни афғон ошкор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






