Прокурори генералӣ дар парлумон ҳисобот медиҳад
Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-28 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қарор ба имзо расонд. Аз палатаи болоии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар матраҳ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ки дар ҷараёни иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллӣ Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар назди парламентарҳо «Дар бораи ҳолати назорат ба иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012» ҳисобот медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






