Рӯнамоии китоби «Меъмори сулҳ» дар ЮНЕСКО

Февраль 25, 2013 16:05

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Париж, дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон— Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шудааст, баргузор гардид.  Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маросими муаррифии ин китоб раёсати ЮНЕСКО ва намояндагони давлатҳои узви ин созмони бонуфуз иштирок доштанд. Дар маросим намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО Рустам Солиев сухан гуфта, нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи ба даст овардани сулҳу оштии тоҷикон, бозгашти гурезагон ба кишвар ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон муассир арзёбӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки намунаи сулҳи тоҷикон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаву дар институтҳои ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон омӯхта мешавад. Гуфта мешавад, китоби «Меъмори сулҳ» моҳи сентябри соли гузашта дар Брюссел бо забонҳои англисиву фаронсавӣ ба нашр расида буд.

Февраль 25, 2013 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд