Рӯзи қабули М. Маҳмадаминов дар Суғд
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2013 12 феврали соли ҷорӣ сафари кории вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони сохтори вазорат ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.Чуноне ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, ҳадафи асосии сафар доир намудани вохўрӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони сохторҳои марбутаи вазорат дар вилоят ва баррасию муҳокимаи масъалаи таъсиси ҷойҳои кории нав, фаъолияти марказҳои касбомўзӣ, бартараф намудани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, ҷараёни ҷамъоварии андози иҷтимоӣ, пардохти саривақтии нафақаву кўмакпулиҳо, вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши рўзона, инчунин қабули шаҳрвандон мебошад. Зимни сафар дар қатори дигар чорабиниҳои пешбинигардида ҳамон рӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмадаминов қабули шаҳрвандон баргузор мегардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






