«Рӯзи МегаФон» лоиҳаи беҳтарин эътироф шуд

Февраль 21, 2013 15:01

Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Ширкати «МегаФон-Тоҷикистон» дар бахши «Иртибот дар ҳолати ҷаҳонишавӣ» ғолиби Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи иртибот бо ҷомеаи «Камонвари нуқрагин» шуд. PR-лоиҳаи «МегаФон», ки ба озмун пешниҳод шуда буд, аз чорабиниҳои маҷмуӣ барои сокинони навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ иборат аст. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби маросими идона дар майдони марказӣ базми рақсу шодӣ, «МегаДарс» барои хонандагони мактаб ва муаррифии барномаи маърифатӣ барои намояндагони ҳукуматҳо баргузор мешавад. Дар давоми соли 2012 ширкат дар 8 шаҳр ва 67 деҳаи Тоҷикистон 70 «Рӯзи МегаФон»-ро баргузор кардааст. Ғолибияти ширкат аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам лоиҳаи «Рӯзи МегаФон» дар бахши мазкур аз беҳтаринҳо буд ва он на танҳо соҳиби баҳои баланди ҳакамон шуд, балки барои иштирокдорони озмун, ки аз кишварҳои мухталиф ҷамъ омада буданд, мавриди писанд қарор гирифт. Қобили тазаккур аст, ки дар тӯли соли 2012 дар лоиҳаи «Рӯзҳои МегаФон» беш аз 100 000 нафар иштирок карданд. Дар соли равон ба озмун 114 лоиҳа пешниҳод шуд, ки танҳо 80- тои он ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, яъне барои муаррифии лоиҳаҳои худ дар назди ҷомеа ва мутахассисони соҳа ҳуқуқ пайдо карданд. Дар анҷоми муаррифиҳо ҳайати ҳакамони озмун ғолибонро аз рӯи бахшҳои «Иртибот дар ҳолати ҷаҳонишавӣ», «Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи бизнес-иртибот», «Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи иртиботи иҷтимоӣ ва хайриявӣ», «Лоиҳаи беҳтарин оид ба рушд ва пешбарии ҳудудҳо», «Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо», «Лоиҳаи беҳтарин оид ба пешбарии идеяҳои варзишӣ ва тарзи ҳаёти солим», «Беҳтарин иқдом дар самти рушди робитаҳои иҷтимоӣ», «Барои саҳми фарҳангӣ», «Устод» ва «Чеҳра» муайяншуданд.

Февраль 21, 2013 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад